Паймон: Девон 2
- ISBN
- 9789943783607
- Формат бумаги
- A5
- Тип обложки
- Твердая
- Количество страниц
- 288
Описание товара
Шоири шинохтаи тоҷик Паймон ғазалиёт, мустазод ва мухам масҳои худро дар сурати девон мураттаб намудааст.
Нахуст бояд бо камоли хушнудӣ иброз дошт, ки ба гумони ғолиби мо, ин аввалин девони ашъор бо риояи тамоми талабот, конуну кавоиди мураттабсозии вай тайи сад соли охир ва шояд бештар аз он дар каламрави кишвари мо ба забони ноби форсии тоҷикист, ки бешубҳа, шоистаи тазаккур ва табрик аст.
Сониян, тавре ки дар сарсухани ҷилди якуми девон, ки чанде мукаддам ба табъ расида буд, донишманди маъруф, доктори улуми филологи, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ мегӯяд:
- "Паймон дар сурудани ғазал хунарманд ва тозаҷӯ аст. Бакоргирии забони содаву равшани тоҷикӣ, ҳунарнамоии ғайримутакаллифона дар тасвиркориҳо ва мусиқии дилчаспи шеър, тасвирпазирӣ аз тачрибаи шоирони ҳунарманди форсу тоҷик ва навҷӯиҳояшро дар ин самт метавон ба унвони вижагиҳои лаёқати ғазалсароии Паймон зикр кард, ки чехраи хоси хунариашро шакл медиҳад..."
Умед аст, ки хонандаи хушназару хушбин аз сайри чаманистони ғазалиёт, мустазоду мухаммасоти ҷилди дуюми девони шоир низ бахраи тамом ва бардавом мебарад.
Характеристики
| ISBN |
9789943783607 |
| Формат бумаги |
A5 |
| Тип обложки |
Твердая |
| Количество страниц |
288 |
| Год издания |
2025 |
| Издательство |
Adabiyot |
| Надпись |
Кириллица
|
| Поверхность страниц |
глянцевые |
Оставьте отзыв о товаре первым
Оставьте отзыв о товаре первым
Паймон: Девон 2
